Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даргириҳои маргбори ахир дар марзи худ якдигарро муттаҳам мекунанд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 24-уми сентябр зимни суханронӣ дар Маҷмаи Умумии СММ ба суханронии қаблан Садир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар ин маҷлис посух дод.
Муҳриддин иддаои Тоҷикистонро такрор кард, ки Қирғизистон масъули саркашӣ аз оташбаси рӯзи 19 сентябр барои қатъи даргириҳои ҳафтаи пеш таҳияшуда аст.
Қирғизистон гуфтааст, ки ин созишномаро комилан иҷро мекунад.
Муҳриддин Қирғизистонро ба эҷоди як намуди бардурӯғ дар бораи берун кашидани нерӯҳо ва техникаи низомиаш аз минтақаи даргирӣ ва пинҳон кардани онҳо дар манотиқи аҳолинишин дар наздикии марзаш бо Тоҷикистон муттаҳам кард.
Муҳриддин гуфт, ки “масъулияти ҳама гуна даври баъдии таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо ба дӯши Қирғизистон аст” ва ҳамзамон гуфт, ки кишвараш омода аст “музокирот барои эҷоди фазои сулҳи муштарак” идома диҳад.
Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки Жапаров рӯзи 20-уми сентябр дар Маҷмаъи кулл гуфтааст, ки Тоҷикистон созишномаҳои таҳиякардаи ҷумҳуриҳои собиқи шӯравиро, ки аз онҳо ба эҳтиром ба тамомияти арзии ҳамдигар даъват мекунад, нақз кардааст.
Вай гуфт, Тоҷикистон моҳи апрели соли 2021 ва боз 14 сентябри соли ҷорӣ ба кишвараш ҳамлаи беасос оғоз кардааст.
Ҷапаров гуфт, ки омодааст, барои ҳалли баҳси марзӣ “ҳадди имкон бештар вақт сарф кунад”.
Даргириҳои ахир бар сари ҳалнашудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо марги дастикам 100 нафар мунҷар шудааст.
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар даргириҳои ахир 59 нафар кушта ва 183 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Дар Тоҷикистон шумори кушташудагонро 41 нафар эълом кард, аммо хабарнигорони Радиои Озодӣ дар пайи сӯҳбат бо хешовандон ва наздикони афроди дар даргириҳо кушташудагон аз ин бештар хабар доданд. Онҳо ба хулосае омаданд, ки 59 нафар, аз ҷумла 31 ғайринизомӣ ҷони худро аз даст додаанд ва рӯйхати кушташудаҳоро тартиб додаанд.
Бисёре аз манотиқи марзӣ дар Осиёи Марказӣ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 баҳсбарангез буданд.
Вазъият махсусан дар наздикии эксклавҳои сершумори водии ноором Фарғона, ки сарҳади Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ба ҳам мепайвандад, печидатар аст.
Тақрибан нисфи марзи 970-километрии Қирғизистону Тоҷикистон то ҳол аломатгузорӣ нашудааст, ки ин боиси ташаннуҷи такрории баъди ба даст овардани истиқлолияти ду кишвар дар тӯли беш аз се даҳсола шудааст.